Август 20, 2020 13:40 Asia/Dushanbe
  • Эъломи барномаи парвозҳои вижа аз Душанбе ба шаҳрҳои мухталифи Русия

Барномаи парвозҳои вижа аз Тоҷикиситон ба шаҳрҳои мухталифи Русия дар моҳи август эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ, рӯзи 21 август ду парвози хориҷӣ аз Душанбе ба мақсади Санкт-Петербург ва Красноярски Русия барқарор хоҳад шуд.

33 август низ шаҳрвандони Русия метавонанд бо парвози Душанбе ба мақсади Маскав ба кишвари худ бозгарданд.

23 август ду ҳавопаймо Аз Хуҷанд ва Душанбе ба мақсадҳои Санкт-Петербург парвоз хоҳанд кард ва 5 парвоз низ 24 август аз Душанбе ба мақсадҳои Маскав, Қазон, Сургут, Екатеринбург ва Новосибирск анҷом мешавад.

 25 август ҳам ду ҳавопаймо аз пойтахти Тоҷикистон ба Москва ва Санкт-Петербург мусофиронро ҷо ба ҷо мекунад. 
 
 Чаҳоршанбе 26 август як фарванди ҳавопаймо аз Душанбе ба Краснодар парвоз мекунад ва панҷшанбе 27 ҳамин моҳ ду ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Москва ва аз Душанбе ба Екатеринбург мусофиронро мунтақил мекунад. 
 
 Парвозҳо дар масири Душанбе - Москва ва Душанбе - Петербург дар 28 август барномарезӣ шудааст. 
 
 29 август ҳам шаҳрвандони Русия метавонанд барои бозгашт ба кишваршон аз парвози ҳавопаймои Душанбе ба мақсади Санкт-Петербург истифода кунанд. 
 
 Тибқи барномаи рӯзи 30 август чаҳор парвоз аз Душанбе ва Хуҷанд ба Москва ва аз Душанбе ба Екатеринбург ва Новосибирск барқарор хоҳад шуд. 
 
 Аввали сентябр низ як ҳавопаймо аз Душанбе ба самти Екатеринбурги Русия парвоз мекунад.
 

Барчасп