Август 21, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҳудуди 190 миллион киловатсоатии тавлиди барқ дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираи оби Тоҷикистон аз коҳиши наздик ба 190 миллион киловатсоатии тавлиди барқ дар ин кишвар то поёни моҳи июли 2020 хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, дар ин муддат дар Тоҷикистон 12 миллиарду 50 миллион киловат соат барқ тавлид шудааст, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 190 миллион киловат соат камтар аст.

Дар ин муддат ба далели камбуд барқ дар дохили Тоҷикистон содироти барқи ин кишвар ба Узбакистон ва Афғонистон низ беш аз 23 дарсад коҳиш ёфт.

Ба далели коҳиши мизони об дар рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷ, ки бештари неругоҳҳои барқ обии Тоҷикистон бар рӯи ин ду рӯдхона сохта шудааст, ширкати давлатии Барқи тоҷик дар авоили моҳи август содироти барқ ба Узбакистон ва Афғонистонро бо вуҷуди тааҳҳудоти қаблии хеш қатъ кард.

Чанде қабл Мирзо Исмоилзода, мудири ширкати давлатии Барқи тоҷик гуфт: Ба далели коҳиши мизони оби вурудӣ ба сад неругоҳи барқ обии Норак акнун содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон ва Афғонистон қатъ шуд.

Ба гуфтаи Исмоилзода дар шаш моҳи нахусти имсол ба Афғонистон 546 миллиону 600 ҳазор киловат соат ва ба Узбакистон 358 миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ содир шудааст.

 

Барчасп