Оғози гуфтугӯҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Даври ҷадиди гуфтугӯҳои сиёсии муовинони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ба сурати видеоконферентсия баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Зоҳир Саидзода ва Мурод Сидиқов муовини вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин нишасти видеоӣ дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Ин ду мақом ҳамчунин бар алоқамандӣ ва омодагӣ ба ҳамкории роҳбурдӣ байни Тоҷикситон ва Қазоқистон таъкид карданд.
Муовинони вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо шуйюи Ковид-19 ва таомуллоти мутақобил дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро низ баррасӣ карданд.