Август 23, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон

Шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон ба 66 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Спутник , маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард : дар шабонарӯзи гузашта 36 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар ин кишвар шиносоӣ шуданд ва як тан низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст дод .
Бар ин асос то кунун 66 тан бар асари корона дар Тоҷикистон  ҷон  бохтаанд .
Ҳамчунин дар 24 соати гузашта , 82 бемори машкук ба Ковид- 19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 32 нафар низ пас аз беҳбӯдӣ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Дар маҷмӯ аз 30 аврел токунун 8 ҳазору 277 нафар дар Тоҷикистон ба бемории корона мубтало шудаанд, ки ҳафт ҳазору 72 нафари онон беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон  таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .
Дар 85 бемористони Тоҷикистон беш аз 7 ҳазору 500 пизишк ва 25 ҳазор парастор барои мубориза бо корона сафарбар карда шудаанд.
Дар сойири марокизи беҳдоштии Тоҷикистон низ 7 ҳазору 600 пизишк ва беш аз 24 ҳазор парастор барои пешгирӣ аз корона ва ироаи хадамоти аввалияи пизишкӣ ба мардум хидмат мекунанд .

Барчасп