Бонки миллии Тоҷикистон дар паи ислоҳи низоми бонкӣ ва молии кишвар
(last modified Sun, 23 Aug 2020 14:19:23 GMT )
Август 23, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Бонки миллии Тоҷикистон дар паи ислоҳи низоми бонкӣ ва молии кишвар

Бонки миллии Тоҷикистон аз ислоҳот дар низоми бонкӣ ва молии кишвар барои дарёфти кумаки Фонди байналмиллалии пул хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ҳозиранд барои дарёфти қарзи 189 миллиондолларии Фонди байналмиллалии пул дар низоми бонкӣ ва молии ин кишвар ислоҳоте анҷом диҳанд.

Шурои мудирони Фонди байналмиллалии пул ахиран ба таври машрут мувофиқат кард қарзи 189 миллиондолларӣ бо бозпардохти 10 сола, ки дар панҷ соли нахусти он таслиҳоте низ ироа хоҳад шуд ба Тоҷикистон бипардозад.

Ислоҳи низоми молӣ ва бонкии Тоҷикистон яке аҳ шартҳои Фонди байналмиллалии пул барои вогузории ин маблағ ба Тоҷикистон аст.

Фонди байналмиллалии пул, имсол нахустин бор аз соли 2012 ба далели густариши коронавирус ҳозир шуд ба Тоҷикистон кумаки молӣ расонад.

Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти ин ислоҳот дар музокироти мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Фонди байналмиллалии пул дар дасти баррасӣ мебошад.

Аз сӯи дигар манбаъҳои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мизони хасоратҳои воридшуда ба иқтисоди ин кишварро дар паи густариши коронавирус дар шаш моҳи нахусти имсол 200 миллион доллар эълом кардаанд.