Август 24, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Фарсудагии 24 дарсад аз мошинҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард наздик ба 24 дарсади мошинҳои кишоварзии кишвар ба далели куҳна ва фарсуда шудан ғайри қобили истифодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, наздик ба 6 ҳазору 500 дастгоҳ ё 24 дарсади мошинолоти кишоварзии ин кишвар, ки дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзӣ қарор дорад, қобили истифода нест.

Бар асоси ин гузориш дар ҳоли ҳозир 27 ҳазору 537 ҳазор дастгоҳ трактор дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 20 ҳазор дастгоҳи он қобили истифода аст ва бақия сохти даврони шуравӣ мебошад.

Тоҷикистон барои таъмини ниёзи ширкатҳои кишоварзии худ дар солҳои ахир беш аз 10 ҳазор дастгоҳ трактор аз хориҷ ва асосан аз Ҷумҳурии Беларус ворид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли 2019 дар маркази ноҳияи Ҳисор, марҳилаи дуввуми корхонаи мантажи тракторҳои Беларус ба баҳрабардорӣ расид, ки аз зарфияти тавлиди як ҳазору 700 дастгоҳи трактор дар сол бархурдор аст.

Қарор буд, ки бахше аз ин тракторҳо ба Узбакистон ва Афғонистон низ содир шавад, аммо дар гузориши омори содироти Тоҷикистон банди ҷудогонае аз фуруши тракторҳо ба хориҷ вуҷуд надорад.

 

Барчасп