Август 24, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 29 кишвари хориҷӣ

Роҳбари Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон барои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр дар 29 кишвари хориҷӣ 39 нуқтаи овоздиҳӣ таъсис додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , Бахтиёри Худоёрзода дар нишасти имрӯзи камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт : атбои Тоҷикистон дар 39 маҳалли овоздиҳӣ, ки дар 29 кишвари хориҷӣ таъсис мешавад , метавонанд дар интихоботи рўзи 11 октябр ширкат кунанд .
 Ин маҳалҳо дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 29 кишвари хориҷӣ ифтитоҳ хоҳад шуд .
Барои ширкати сокинони Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 68 ҳавзаи интихобияи дохилӣ дар назар гирифта шудааст .
 Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 Тоҷикистон дар қаламрави 26 кишвари хориҷии маҳалҳо барои овоздиҳӣ эҷод шуда буд .
 Теъдоди ҳавзаҳои интихобияи дохилӣ дар соли 2013 ҳамон 68 ҳавза буд .
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри 2020 баргузор мешавад .

Барчасп