Август 24, 2020 19:10 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду халабони тоҷикистонӣ дар Судон

Бар асари суқути як фарванди ҳавопаймо дар Судони ҷанубӣ ду халабони тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон кушта шудани ду халабони тоҷикистонии табааи Русия Парвиз Қодиров ва Мирсултон Мираҳмадовро таъйид кардаанд.

Ҳавопаймои Антонов-26, ки ба Southwest Airlines тааллуқ дошт, пас аз чанд дақиқа аз фурудгоҳи Ҷуба дар пойтахти Судони Ҷанубӣ суқут кардааст.

Дар ин ҳодиса 17 сарнишини ин парвоз ва ду халабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳавопаймо якчанд мотосикл, қисмҳои эҳтиётӣ, хӯрокворӣ ва каме пул барои яке аз корхонаҳои саноатии Бао будааст.

Имдодгарон аҷсоди қурбониёни ин ҳодисаро аз дохили ҳавопаймо берун овардаанд.

Гуфта мешавад, ки ба далели кӯҳистонӣ ва ботлоқӣ будани минтақаи суқути ин ҳавопаймо,интиқоли таҷҳизоти гурӯҳҳои имдод ва наҷот бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Барчасп