Август 25, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Равобити хонаводагии мудирон; мушкили аслии бонкҳои Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон роҳи ислоҳи низоми бонкдории ин кишварро ҷилавгирӣ аз пардохти вомҳои калон бар асоси равобити хешовандӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , пас аз имзои  тарҳи қонуни ҷадиди фаъолияти низомии бонкӣ дар Тоҷикистон аз сӯи  Раиси Ҷумҳурии ин кишвар акнун мақомоти Бонки миллӣ умедворанд, ки заминаи поён додан ба равобити хонаводагӣ дар ниҳодҳои молӣ ва ҷилавгирӣ аз фасоду ришвахории мудирон фароҳам шавад .
Мақомҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо эъломи ин, ки қонуни ҷадиди бонкдорӣ аз падидаи фасоди молӣ ва ришвахорӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард , мушкили аслии ин бахшро вуҷуди равобити хонаводагии мудирон эълом мекунанд .
Бар асоси қонуни ҷадиди бонкдорӣ дар Тоҷикистони фаъолияти падару модар , бародарону хоҳарон , арӯсҳо, домодҳо ва дигар хешовандони наздик дар як банку муассисаи молӣ ва эътиборӣ мамнӯъ шудааст .
Яке аз далоили коҳиши теъдоди муассисоти молӣ ва эътиборӣ ва варшикаст шудани теъдоде аз банкҳои ин кишвар дар чаҳор соли ахири вогузории эътибороти калони молӣ ба хешону наздикони мудирони ин ниҳодҳои молӣ ва нотавонии онон дар бозпардохти вомҳо унвон шудааст .
Дар соли 2014 дар Тоҷикистони 137 муассисаи молӣ ва эътиборӣ фаъолият мекард, аммо акнун теъдоди ин марокиз ба 71 расидааст .
 Ҳамчунин дар ин муддати муҷаввизи фаъолияти ду банки бузурги санъат ва Фанон банк лағв шуда ва акнун мавзӯи қатъи фаъолияти 58 муассисаи молӣ ва эътибории дигар дар дастури кор аст .