Шиносоии 33 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56848-Шиносоии_33_мавриди_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
Дар шабонарӯзи ахир 34 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 бидуни фавтида дар Тоҷикистон сабт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 33 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Дар шабонарӯзи ахир 34 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 бидуни фавтида дар Тоҷикистон сабт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 шомгоҳи сешанбе 25 августи 2020, 33 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва ба ин тартиб аз 30 апрел то субҳи рӯзи душанбе 25 августи 2020, 8 ҳазору 79 нафар дар Тоҷикистон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Аз ин теъдод 7 ҳазору 179 нафар то кунун беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти назорати табибон дармон мешаванд.

Шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19  низ дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 67 нафари қаблӣ эълом шудааст.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта, 77 бемори машкук ба КОВИД-19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 37 нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Дар 85 бемористони Тоҷикистон беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор ҳамшираи шафқат барои муқобила бо корона басиҷ шудаанд.