Номгузории боғе ба номи муаллифи матни суруди миллии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56856-Номгузории_боғе_ба_номи_муаллифи_матни_суруди_миллии_Тоҷикистон
Ба ифтихори муаллифи матни суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, номи ӯ ба боғе дар Душанбе ниҳода мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 26, 2020 05:46 Asia/Dushanbe
  • Номгузории боғе ба номи муаллифи матни суруди миллии Тоҷикистон

Ба ифтихори муаллифи матни суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, номи ӯ ба боғе дар Душанбе ниҳода мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбор, ҳамчунин қарор аст бинои ёдбуде ҳам дар он ҷо сохта шавад.

Шоири саршиноси тоҷик ва муаллифи матни суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 13 августи имсол дар синни 75 солагӣ даргузашт.

Ӯ сардабири рӯзномаҳо ва нашриёти Садои Шарқ, Пайванд, Адабиёт ва санъату ваҳдат буд.