Иқдомоти пешгирӣ аз густариши корона дар Суғд
(last modified Wed, 26 Aug 2020 05:28:24 GMT )
Август 26, 2020 10:28 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти пешгирӣ аз густариши корона дар Суғд

Ситоди мубориза бо вируси корона дар вилояти Суғд иқдомоти омӯзишӣ барои пешгирӣ аз густариши ин вирусро иҷро кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, созмондиҳандагони лоиҳа дар Гулистон ба мардум хатари бемории Ковид -19 ва роҳҳои мубтало шудан ба ин беморӣ ва пешгирии онро шарҳ доданд.

Ҳамчунин коркунони ситоди мубориза бо корона ба тавзеи ниқоби ройгон байни мардум ба онон тавсия карданд ҳатман дар маконҳои умумӣ аз ниқоб истифода кунанд.

Чанде пеш дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд бо истинод ба гузориши муовини идораи тандурусии вилояти Суғд Ҳоҷибоев аз афзоиши теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар маркази ин вилоят хабар дод.

Бархе коршиносон афзоиши теъдоди беморони Ковид-19 дар вилояти Суғдро оғози мавҷи дуввуми ин беморӣ дар Суғд арзёбӣ кардаанд.