Август 26, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯоти тавсеаи гардишгарӣ дар ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ

Дар ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ мавзӯоти тавсеаи гардишгарӣ ва хадамот баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар нишасти кумитаи тавсеаи гардишгарӣ бо корофаринон ва сокинони фаъоли ин минтақаи кӯҳистонӣ дар бораи чигунагии иҷрои бахшномаҳои давлат дар ҳавзаи гардишгарӣ ва барномаҳои амалиётии вижа барои тавсеаи рустоӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ баҳсу табодули назар шуд.

Ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ ба далели мавқеияти ҷуғрофӣ ва обу ҳавои муносиб метавонад ба маҳалли муносибе барои ҷазби гардишгарӣ дар сафар ба Тоҷикистон табдил шавад.

Аббурдан ва Ҳисорак аз ҷойҳои таърихӣ, ҷойҳои зебо ва фароғатии ин минтақа мебошанд.

Барчасп