Август 26, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи

Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод" шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз "Авесто", нависандаи машҳури русзабони тоҷик - Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод" шуд.

Ин ҷоиза солона ба муҳимтарин дастовардҳо дар заминаи фаъолиятҳои башардӯстона, мутобиқ бо дастовардҳои ҷаҳонӣ ва кӯмак ба тавсеаи ҷомеа, ба намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эҳдо мешавад.

Ду миллион рубл маблағи куллии ҷоизаи ин маросим эълом шуда, ки қарор аст имсол дар Узбакистон ба баргузидагон эҳдо шавад.