Шиносоии 32 мавриди ҷадиди Ковид -19 бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56926-Шиносоии_32_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_бидуни_фавтӣ_дар_Тоҷикистон
Дар шабонарӯзи ахир 32 мавриди ҷадиди Ковид – 19, бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 28, 2020 16:36 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 32 мавриди ҷадиди Ковид -19 бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон

Дар шабонарӯзи ахир 32 мавриди ҷадиди Ковид – 19, бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта 32 бемори Ковид – 19 дар ин кишвар бидуни мавриди ҷадиди фавт шиносоӣ шуданд.

Бар ин асос, то соати 19 рӯзи ҷумъаи 28 августи 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон бидуни афзоиши ҳамон 68 нафари қаблӣ эълом шудааст.

Дар маҷмуъ аз 30 апрел то кунун ҳашт ҳазору 481 нафар дар Тоҷикистон ба бемории Ковид - 19 мубтало шудаанд, ки ҳафт ҳазору 276 нафар аз онон беҳбуд ёфтаанду беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 82 бемори машкук ба Ковид – 19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 30 нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Дар 85 бемористони Тоҷикистон беш аз ҳафт ҳазору 500 пизишку 25 ҳазор парастор барои муқобила бо корона муттаҳид шудаанд.