Русия муҷаввизи анҷоми 13 парвоз аз Тоҷикистонро содир кард
(last modified Sun, 30 Aug 2020 13:56:11 GMT )
Август 30, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Русия муҷаввизи анҷоми 13 парвоз аз Тоҷикистонро содир кард

Вазорати ҳамлу нақли Русия муҷаввизи анҷоми 13 парвоз аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистонро таи ду ҳафтаи нахусти моҳи сентябр содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати ҳамлу нақли Русия, бо ин парвозҳо донишҷӯён ва дигар афроди тоҷик, ки ақвомашон дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба шаш шаҳри Русия парвоз кунанд.

Бо ин ҳол Созмони ғизо ва доруи Русия эълом кардааст, ки тамомии афроде, ки аз хориҷ ба ин кишвар тавассути ҳавопаймо сафар мекунанд бояд бо худ гувоҳиномаи мубтало набудан ба КОВИД-19-ро дошта бошанд.

Ҳамчунин тамомии донишҷӯёни хориҷи аз ҷумла тоҷикон ба маҳзи вуруд ба Русия ба муддати ду ҳафта карантин мешаванд ва пас аз поёни ин муддат ва анҷоми озмоиш ба манзури итминон аз мубтало нашудани онон ба КОВИД-19 муҷаввизи ҳузур дар донишгоҳҳоро касб хоҳанд кард.

Қимати чипта барои парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия барои ҳар мусофир 400 евро таъйин шудааст. Парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия аз рӯзи 27 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуда ва дар ин муддат танҳо чанд парвози чартерӣ барои хориҷ кардани шаҳрвандони ин ду кишвар анҷом шудааст.