Баргузории Ҷашнвораи солонаи каду, тарбуз ва харбуза дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе
Ҷашнвораи солонаи каду, тарбуз ва харбуза имрӯз дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, солҳои қабл ҷашнвораи ин маҳсулоти кишоварзӣ ба таври ҷудогона баргузор мешуд, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ин ойини суннатӣ дар як рӯз дар маркази тиҷории Меҳргон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор ва ин маҳсулот ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.
Дар ин ҷашнвора кишоварзони вилояти Суғд ва навоҳии марказӣ аз ҷумла Рӯдакӣ ва Ҳисор маҳсулоти худро барои фурӯш арза карданд.
Гуфта мешавад, ки ҳар кило харбуза ба қимати 10 сомонӣ, тарбуз 5 сомонӣ ва каду 1 сомонӣ ба харидорон фурӯхта шудааст.
Бар асоси гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон то ба имрӯз дар ин кишвар 341 ҳазор тонна тарбуз , 66 ҳазор тонна харбуза ва 15 ҳазору 302 тонна каду бардошт шудааст.
Бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, охирин якшанбеи моҳи август ҳамасола дар ин кишвар Ҷашнвораи каду ва дар нахустин шанбеи моҳи сентябр дар Тоҷикистон Ҷашнвораи тарбуз ва харбуза баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар севумин рӯзи шанбеи моҳи август Ҷашнвораи ангур, дар сеюмин шанбеи моҳи сентябр Ҷашнвораи себ ва дар нимаи ин моҳ Ҷашнвораи асал баргузор мешавад.