Бахшудагии шаҳрия ва қарзи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
(last modified Mon, 31 Aug 2020 04:30:28 GMT )
Август 31, 2020 09:30 Asia/Dushanbe
  • Бахшудагии шаҳрия ва қарзи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар паи шуйюи корона қарз ва шаҳрияи 2 ҳазору 821 донишҷӯи ин донишгоҳро бахшудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, пешниҳоди бахшудагии қарзи донишҷӯёнро Қобилҷон Хушбахтзода, раиси ин донишгоҳ дар ҷаласаи ҳайати умано матраҳ карда буд, ки мавриди мувофиқати аъзо қарор гирифт.

Ин донишҷӯён дар маҷмӯъ 3 ҳазору 587 қарз аз фонди донишгоҳ дарёфт карда буданд.

Пеш аз ин Тоҳир Хоҷазода, раиси Донишгоҳи муштараки Тоҷикистон - Русия низ гуфта буд ба донишҷӯёни хориҷӣ, ки наметавонанд ба далели шуйюи корона аз Тоҷикистон ба кишвари худ бозгарданд хобгоҳ медиҳад, ҳамчунин онҳо метавонанд аз ғизои ресторани донишгоҳ ҳам ройгон истифода кунанд.

574 донишҷӯи хориҷӣ аз 13 кишвари Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Полша, Русия, Амрико, Украина, Корея, Чин ва Туркманистон дар Донишгоҳи Русия -Тоҷикистон таҳсил мекунанд.