Ҳимояти Созмони ҷавонони Тоҷикистон аз номзадии Раҳмон дар интихоботи 11 октябр
Созмони ҷавонони Тоҷикистон аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри соли 2020 ҳимоят кард.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Созмони ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳти ҳимояти Ҳизби халқии демократии кишвар қарор дорад, дар нишасти фавқуллодаи хеш имрӯз 31 август дар шаҳри Душанбе аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии феълӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри 2020 ҳимоят кард.
Қаблан Иттифоқи касабаи Тоҷикистон низ Раҳмонро ба унвони номзади хеш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод карда буд.
Ҳамчунин Академияи мудирияти давлатии Тоҷикистон аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят кардааст.
То ба ҳол раисони ҳизбҳои сотсиалист, демократ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳастанд, аз сӯйи конгрессҳои ҳизбӣ ба унвони номзади интихоботии раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.
Конгресси Ҳизби ҳокими халқии демократӣ рӯзи сеюми сентябр ва Ҳизби коммунист панҷуми сентябр дар бораи пешниҳоди номзадҳои хеш барои ширкат дар интихоботи рӯзи 11 октябри имсол тасмим хоҳанд гирифт.
Ҳизби сотсиал – демократ, танҳо ҳизби мухолифи Ҳукумат дар дохили Тоҷикистон аз таҳрими ин интихобот хабар додааст.