Таъвиқи муҷаддади додгоҳи сарбози фалаҷшудаи тоҷик
(last modified Sun, 09 Oct 2016 07:38:15 GMT )
Октябр 09, 2016 12:38 Asia/Dushanbe
  • Таъвиқи муҷаддади додгоҳи сарбози фалаҷшудаи тоҷик

Бозбинии ҳукми парвандаи хисорати нерӯи марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирозоев, сарбози фалаҷшудаи тоҷик, ки ду сол аст идома дорад, ба далели ҳозир нашудани намояндагони нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар додгоҳи низомии шаҳри Душанбе, муҷаддадан ба таъвиқ афтод.

Ба гузориши сойти "Озодагон", фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон, вобаста ба Кумитаи давлати амнияти миллии ин кишвар бо интишори баёнияи расмӣ, иллати ҳузур наёфтани намояндаи хеш дар додгоҳи баррасии шикояти Шаҳболро, нарсидани эҳзория унвон кардааст.

Ин барои чандумин бор аст, ки ба далоили мухталиф ҷаласаи додгоҳи бозбинии ҳукми парвандаи хисорати нерӯи марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев дар додгоҳи низомии шаҳри Душанбе ба таъвиқ меафтад. Қаблан мебоист, ин мавзӯъ дар додгоҳи ёдшуда дар моҳи сентябр инак октябри соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт, ки ба иллати ҳузур наёфтани намояндаи нерӯи марзбонии Тоҷикистон боз ҳам ба таъвиқ афтод.

Сойти “Озодагон” дар идома менависад, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии ҳар ду ҷониб шуд, оғози мурофиаҳои нави додгоҳӣ бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта мешуданд: “Дар оғози мурофиаҳои нав додгоҳи Душанбе ба суди шаҳри Красногорск барои маълумот дар бораи табобати Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи низомии рақами 3-и Красногорск дархост фиристода буд. Моҳи июли соли равон беморхонаи Русия ба додгоҳи Тоҷикистон посух дод. Аз он вақт ин ҷониб мурофиаи парванда чанд бор ба таъхир гузошта шуд”.

Шаҳбол довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, бар асари лату куби сарбозони дигар, дар моҳи марти соли 2014 ба шиддат маҷрӯҳ ва фалаҷ шуд.

Пизишкон эълом кардаанд, ки барои дармони Шаҳбол Мирзоев ниёз ба замони тулонӣ ва сарфи ҳазинаи зиёде вуҷуд дорад.

Аз нигоҳи коршиносон, моҷарои Шаҳбол ҳокӣ аз авзои нобасомони ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.