Шиносоии 33 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57011-Шиносоии_33_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Бо шиносоии 33 мавриди ҷадиди Ковид – 19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар то соати 19 рӯзи душанбеи 31 августи 2020 ба ҳашт ҳазору 583 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 31, 2020 16:03 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 33 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон

Бо шиносоии 33 мавриди ҷадиди Ковид – 19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар то соати 19 рӯзи душанбеи 31 августи 2020 ба ҳашт ҳазору 583 нафар расид.

Ба гузориши Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта ҳеч мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.

Бар ин асос то соати 19 рӯзи душанбе теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон бидуни афзоиш 68 нафар эълом шудааст.

Аз ҳашт ҳазору 583 бемори мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун ҳафт ҳазору 376 нафар беҳбуд ёфтаанду беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

Дар шабонарӯзи ахир 35 бемор низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.