Сентябр 01, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ мунтазири сафар ба Русия

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Душанбе дархост кардааст, ки заминаи сафари чаҳор ҳазор донишҷӯи тоҷикро барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия фароҳам кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, раванди таҳсили ин донишҷӯён дар паи густариши вируси корона ва қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия мутаваққиф шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳазор нафар аз ин афрод донишҷӯи соли аввали донишгоҳҳои Русия ҳастанд, ки бояд барои такмили асноди худ ҳар чи сареътар ба ин кишвар сафар кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафорати Русия дар Душанбе барои ҳалли ин мушкил кумак кунад.

Аз сӯи дигар Созмони ғизо ва доруи Русия ҳам эълом кардааст, ки тамомии афроде, ки аз хориҷ ба ин кишвар сафар мекунанд бояд бо худ гувоҳиномаи саломат ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Ҳамчунин тамомии донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон ба маҳзи вуруд ба Русия ба муддати ду ҳафта карантин мешаванд ва пас аз поёни ин муддат муҷаввизи ҳузур дар донишгоҳҳоро касб мекунанд.

 

Барчасп