Сентябр 01, 2020 13:16 Asia/Dushanbe
  • Чойхонае ба расми тоҷикон дар Колорадои Амрико

Чойхонаи Душанбе дар дар иёлати Колорадои Амрико бо анвоъи ғизоҳои тоҷикистонӣ, эронӣ, аврупоӣ ва осиёӣ аз муштариёни кишварҳои мухталиф пазироӣ мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин чойхонаи тоҷикистонӣ, ки аз 30 соли пеш дар иёлати Колорадои Амрико фаъол буда ин рӯзҳо ба хотири шуйюи корона таътил шудааст.

Дар соли 1987 Мақсуд Икромов- шаҳрдори Душанбе ҳайате аз шаҳри Душанберо ба шаҳри Булдер дар иёлати Колорадои Амрико фиристод, ки дар ин сафар тафоҳумномаи таъсиси ресторане бо тазъиноти шарқӣ ва тоҷикӣ имзо шуд.

Дар солҳои 1987 то 1990 ҳудуди 40 нафар аз ҳунармандони ҳаккок ва харрот ва гаҷкори тоҷик бо тарсими расмҳои тазъинӣ бар рӯи деворҳои берунӣ, кошиҳо, сақфҳо, сутунҳо ва сандалиҳо ва мизҳои ресторан, фазои ҷадид ва зебоеро барои муштариёни ресторан халқ карданд.

Ҳар сол маросими Наврӯз дар ин ресторан баргузор мешавад.

Пеш аз таътили ин ресторан дар он давраҳои омӯзиши забони англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва кампютер ҳам баргузор мешуд.

 

Барчасп