Сентябр 02, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи шаҳраки ҷадид барои селзадагони ноҳияи Хуросон

Шаҳраки ҷадиде барои селзадагони ноҳияи Хуросон дар вилояти Хатлон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Қоҳир Расулзода ба ҳамроҳии Қурбони Ҳакими зодаи раиси вилояти Хатлон ва Рустами Назарзода  раиси комитети давлатии мавқеъиятҳои изтирории Тоҷикистон дар маросими  шаҳраки ҷадид барои сокинон аз сел осебдидаи фармондории Садриддин  Айниро дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ кард .
Дар марҳалаи нахуст  67 шаҳрванди аз сели баҳории осебдидаи ин фармондорӣ ба хонаҳои ҷадид мунтақил шуданд .
Бар асоси пешниҳоди Расулзода бар шаҳраки ҷадиди номи " 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон " гузошта шуд .
Мақомоти ноҳияи Хуросон мегӯянд, ки бар асари бориши борони шадид ва ҷорӣ шудани сел дар ин минтақа дар моҳи майи гузашта  як нафар  ҷон бохт ва  ба беш аз 200 хона ва заминҳои кишоварзӣ хисоратҳо  ворид шуд .
Бо талоши ҳукумати Тоҷикистон ва кӯмаки Созмонҳои байналмилалӣ дар чаҳор моҳи ахир дар шаҳраки ҷадид  илова бар сохти 67 хона , наздик ба ҳазору 500 метри  роҳ асфалт шуд ва низ 18 ҳалқаи чоҳ барои таъмини оби ошомиданӣ мавриди ниёзи сокинони ҳафр ва ду трансформатор ва 18 тири барқ насб гардид .
 Рӯзҳои наздик  дорухона , маркази тиҷорӣ ва ороишгоҳ низ дар шаҳраки тоза ифтитоҳшуда ба баҳрабардорӣ хоҳад  расед .