Сентябр 02, 2020 14:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи баррасии мушкилоти коргарони муҳоҷир бо ҳузури муовини нахуствазири Тоҷикистон

Мушкилоти коргарони муҳоҷири тоҷик дар ҷаласае бо ҳузури муовини нахуствазири Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ , Ширин  Исматуллоҳ‌зода  муовини нахуствазир ва Гулрӯ Ҷабборзода  вазири кори Тоҷикистон дар ин ҷаласа ҳузур доштанд .
Баррасии шароити зиндагии муҳоҷирони корӣ қабл аз сафар ба кишварҳои мухталиф ва ҳимоятҳои шуғлӣ аз онҳо аз ҷумла мавзӯоте буд, ки дар ин ҷаласа матраҳ шуд .  
Ҳамчунин дар ин ҷаласа мусавваб шуд дар комиссияи байнидавлатии сомондиҳии одилонаи фурсатҳои шуғлӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи коргарони тоҷик бо тавваҷуҳ ба шуюи корона ва таътилии бисёре аз корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ пайгирӣ шавад .