Даҳ фоиз коҳиш ёфтани нархи газ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 02 Sep 2020 09:13:39 GMT )
Сентябр 02, 2020 14:13 Asia/Dushanbe
  • Даҳ фоиз коҳиш ёфтани нархи газ дар Тоҷикистон

Қиммати газ дар Тоҷикистон 10 фоиз коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Спутник,  рӯзи  сешанбе  қимати гази моеъ ба 4 то 4 . 2 сомонӣ коҳиш ёфт, ки 10 дар сад  арзонтар аз рӯзҳои гузаштааст .  
Қимати гази моеъ аз июн то июли имсол дар давраи поёни қарантина дар Тоҷикистон аз 2 . 5 сомонӣ ба 4 . 5 сомонӣ расида буд .
Дар авоили моҳи май, ки масъулони беҳдоштии Тоҷикистон  мавориди олудагӣ ба вируси коронаро дар кишвар таъйид карданд трафик дар шаҳрҳо ва манотиқи кишвар ба шиддат коҳиш ёфт ва қиммати газ низ ба 2 . 4 сомонӣ расид  .
Тибқи омори гумруки соли гузаштаи Тоҷикистон ҳудуди 430 ҳазор тонна гази моеъ , ҳудуди 180 ҳазор тонна бензину ҳудуди 250 ҳазор тонна газоил ворид кардааст .
 Тоҷикистон  гази моеъ , бензину газоилро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад .