Сентябр 02, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти дубораи узви Гурӯҳи 24 дар Русия

Намояндагони гурӯҳи мамнӯаи 24 дар Тоҷикистон, аз боздошти дубораи яке аз аъзои ин созмон дар Русия хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, полиси шаҳри Нижний Новгороди Русия рӯзи аввали сентябр Шаҳобиддин Бадаловро боздошт ва ба макони номаълуме мунтақил кардааст.

Намояндагони Гурӯҳи 24 муддаиянд, ки боздошти Бадалов ангезаи сиёсӣ доштаву ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон анҷом шудааст.

Аммо то ба ҳол мақомоти интизомии Русия ва Тоҷикистон дар бораи иллати боздошти ин узви Гурӯҳи 24 изҳори назар накардаанд.

Ин дувумин боздошти Бадалов дар се моҳи ахир дар Русия аст.

Вай бори нахуст дар моҳи июн, дар эътироз ба сафари раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия дастнавиштаеро алайҳи Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии Маскав боло бурда буд, ки дар пайи он ба ҳамроҳи як нафари дигар аз аъзои Гурӯҳи 24 боздошт ва ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2014 фаъолияти Гурӯҳи 24-ро ба унвони созмони ифротӣ мамнуъ кардааст.

 

Барчасп