Сентябр 03, 2020 09:05 Asia/Dushanbe
  • Пардохти подош ба иштирокчиёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати фаро расидани солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ба ҳамаи иштирокчиёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ подош(мукофоти пулӣ) медиҳад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз вебгоҳи шаҳрдории Душанбе ба ҳамин манзур 196 ҳазор сомонӣ (19 ҳазор доллар) аз буҷаи шаҳрдорӣ барои пардохти подош ба иштирокчиёни ҷанг сарф мешавад.

 Ҳамчунин бар асоси қарори шаҳрдории Душанбе ба ҳар нафар аз коргарони соҳаи хидматрасонии шаҳрдорӣ низ ҳазор сомонӣ подош пардохт хоҳад шуд.

 Донишомӯзони мактабҳои шабонарӯзӣ низ ин подошро дарёфт мекунанд.

 Дар маҷмӯъ 4 913 300 сомонӣ (474 ​​ҳазор доллар) аз буҷаи шаҳрдории Душанбе барои пардохти подош ба коргарони хадамотӣ, маҷрӯҳон ва иштирокчиёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва донишомӯзони мактабҳои шабонарӯзӣ ихтисос ёфтааст.

Қарор аст шаҳрдории Душанбе ин подошро то шашуми сентябр пардохт кунад.