Мамнуъ шудани баргузории маросими солрӯзи истиқлол дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 03 Sep 2020 04:21:34 GMT )
Сентябр 03, 2020 09:21 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани баргузории маросими солрӯзи истиқлол дар Тоҷикистон

Нахуствазири Тоҷикистон баргузории ҳар гуна маросимро дар солрӯзи истиқлоли ин кишвар мамнуъ эълом кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Қоҳир Расулзода гуфт: Ин тасмим бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши корона дар кишвар гирифта шудааст.

 Ӯ афзуд: Ҳамчунин баргузории ҳар гуна нишаст, ҷаласаи ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва ҷашнҳои мардумӣ дар кишвар мамнуъ аст.

 Нӯҳуми сентябр солрузи истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ аст.

 Солҳои гузашта маросими ҷашни Рӯзи истиқлол бо шукӯҳи бисёр дар саросари Тоҷикистон баргузор мешуд.

 

Барчасп