Сентябр 03, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Тоҷиктелеком ба пардохти қарз маҳкум шуд

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ширкати хадамоти телефони ҳамроҳ(мобели)и Тоҷиктелекомро ба пардохти маблағи 608 ҳазор сомонӣ (муодили 59 ҳазор доллар) қарз бобати истифодаи барқ маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, ширкати ёдшуда зермаҷмуъаи хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон аст, ки таҳти мудирияти Бек Сабур-яке аз сарватмандтарин ва хабарсозтарин мақомоти давлатии ин кишвар аст.

 Дар ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанбе таъкид шудааст, ки маблағи қарзи ширкати Тоҷиктелеком беш аз як миллион сомонӣ буд, ки танҳо 400 ҳазор сомонии он пардохт шудааст.

 Ин дар ҳоле аст, ки манбаъҳои хабарии мустақил Бек Сабурро ба суистифода аз мақомаш муттаҳам мекунанд.

 Ба гузориши ин манобеъ, бар асоси қонунҳои мудириятии Тоҷикистон, мақомоти ҳукуматӣ ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надоранд, аммо Бек Сабур бо таъсиси ширкати сохти хона дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба сохту соз ва фурӯши хонаҳо мепардозад.

 Ин дар ҳоле аст, ки ахиран ба дархости додситонии шаҳри Душанбе сохти бархе аз манзилҳои маскунии ширкати Бек Сабур ба далели тахаллуфот дар сохту соз мутаваққиф шудааст.

 Ҳамчунин Баҳром Иноятзода-шаҳрдори Кӯлоб, ки дар нишасти хабарие Бек Сабурро ба пардохти накардани чаҳор миллион сомонӣ андоз муттаҳам карда буд, ахиран ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт шудааст.