Сентябр 03, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Барқи Тоҷик: барқ реҷабандӣ намешавад

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик аз пур шудани обанбори ниругоҳи обӣ-барқии Норак ва рафъи нигаронӣ аз реҷабандии барқ дар Тоҷикистон хабар дод.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Нозир Ёдгорӣ гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахир бо афзоиши вуруди об ба обанбори  ниругоҳи Норак баландии сатҳи оби он ба 300 метр расид ва акнун дар мавриди таъмини барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон ҷойи нигаронӣ нест.

Ин дар ҳоле аст, ки як моҳ қабл ҳукумати Тоҷикистон бо интишори паёме аз мардуми кишвар хост бо дарки воқеияти коҳиши мизони захираҳои об дар ниругоҳҳои барқӣ-обӣ, иқдоми ширкати Барқи Тоҷикро ба реҷабандии эҳтимолии барқ, дарк кунанд.

 Ин паём афзуда буд, ки ба далели коҳиши бориш дар фаслҳои тирамоҳ ва замистони гузашта мизони об дар ду рӯдхонаи Панҷ ва Вахш 50 дарсад коҳиш ёфтааст ва мақомоти ширкати Барқи Тоҷик маҷбӯр шуданд содироти барқ ба Узбакистон ва Афғонистонро ба рағми уҳдадориҳои қаблии хеш коҳиш диҳанд.

 Дар ин паём таъкид шуда буд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзи 17 январи соли 2017 то ба ҳол ба таври 24 соата бо барқ таъмин будаанд.

 Дар Тоҷикистон ҳамасола 20 миллиард киловатт соат барқ тавлид мешавад, ки ними аз онро бахши хонагӣ истифода мекунад.

 

Барчасп