Сентябр 03, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 1100 тонн асал аз оғози имсол токунун дар Тоҷикистон

Дар ҳафт моҳи имсол 1100 тонн асал дар Тоҷикистон тавлид шудааст.

Ба гузориши вебгоҳи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин мизон 6 тонн бештар аз муддати мушобеҳи соли қабл аст.

Бино бар эъломи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бар асоси барномарезӣ қарор аст, то поёни сол мизони тавлиди асал дар кишвар ба 4 ҳазору 200 тон бирасад, ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта 4 ҳазору 112 тон асал дар кишвар тавлид шуд.

Ба гуфтаи мутахассисони ин вазоратхона, афзоиши тавлиди асал ва ҳимоят аз афроде, ки дар ин бахш кор мекунанд аз сиёсатҳои давлат аст.  

Инҳо эълом карданд, кӯҳистонӣ будани 93 дарсад аз манотиқи Тоҷикистон бистари муносибе барои тавсеаи занбурдорӣ ва афзоиши тавлиди асал аст.

Асали Тоҷикистон ба Афғонистон, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Русия ва Қазоқистон содир мешавад.

 

Барчасп