Ёқути сурхи Тоҷикистон дар тасовири моҳвораӣ
(last modified Fri, 04 Sep 2020 12:02:13 GMT )
Сентябр 04, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Ёқути сурхи Тоҷикистон дар тасовири моҳвораӣ

Тасовири моҳвораии “Коперник Сентинел -3”, ки лаҳзае аз осмони софи Тоҷикистонро ба сабт расонидааст, ин кишварро ба ранги сурхмонанди нигине рӯйи кураи Замин нишон медиҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, дар тасвири себуъдии моҳвораи “Copernicus Sentinel-3” Тоҷикистон аз фазо монанди санги ёқути сурх дида мешавад.

Ёқути қирмиз санге гаронқимат аст, ки онро “санги салтанатӣ” меноманд.

Тоҷикистон захоири фаровоне аз сангҳои қиматбаҳо дорад, ки ёқути сурхи Бадахшони он аз пуртарафдортарину гаронтарин сангҳои қиматбаҳо дар ҷаҳон аст.

Марко Поло, ҷаҳонгарди италияии қарни сездаҳум низ дар китоби хотироти худ бо ишора ба зебоии афсонаии ганҷинаҳои Тоҷикистон, чунин аз вуҷуди сангҳои қиматбаҳо ва маодини ёқути гаронбаҳо дар ин кишвар ёд мекунад ва менависад? “Корвонҳои тиҷорӣ ёқутҳои Бадахшонро ба Аврупо, Осиё вақораи Амрико ҳамл мекарданд ва тоҷи подшоҳони бисёре аз сарзаминҳо ороста ба ёқути Бадахшони Тоҷикистон аст.

Соли 2015 санги ёқуте аз кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон дар муноқисае дар Лондон 310 ҳазор доллар арзишгузорӣ шуд.