Содироти гази Узбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон қатъ шуд
Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз қатъи содироти гази Узбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Абдулмаҷид Муъминзод эълом кардааст, ки Қазоқистон барои як моҳ ва Узбакистон то поёни соли 2020 ба Тоҷикистон газ содир нахоҳанд кард.
Далели қатъи содироти гази Узбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон мушаххас нест, аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки иллати эҳтимоли ин иқдоми Узбакистон, қатъи содироти барқи Тоҷикистон ба ин кишвар аст.
Мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” ба иллати коҳиши оби захираи садди неругоҳи барқи обии “Норак” бар хилофи тааҳҳудоти қаблии худ содироти барқ ба Узбакистонро қатъ кардаанд.
Бо ин ҳол иллати тасмими Қазоқистон барои қатъи содироти газ ба Тоҷикистон мушаххас нест.
Ин дар ҳоле аст, ки наздик ба 70 дарсади васоили нақлияи умумӣ ва шахсӣ дар Тоҷикистон аз гази мойеъ истифода мекунанд.
Ҳамчунин хонаводаҳо бо пур кардани капсулҳои газ дар марокизи сӯхтгирӣ, аз ин навъи сӯхт барои пухти ғизо баҳра мегиранд.
15 ширкати воридкунандаи гази мойеъ аз Қазоқистон ва Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта 264 ҳазор тон гази мойеъ ба арзиши 102 111,28 доллар ба ин кишвар ворид кардаанд.
Қимати ҳар тон гази мойеъи воридотӣ аз ин ду кишвар ба Тоҷикистон 435 доллар аст.