Сентябр 04, 2020 21:52 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон ду баробари тавлидоти саноатии ин кишвар

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи нахусти имсол бо афзоиши ҳудуди 180 миллион доллар, ба 3 миллиарду 96 миллиону 100 ҳазор доллар расида, ки ду баробари тавлидоти санъатии ин кишвар аст.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, бар асоси эъломи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин муддат як миллиарду 506 миллион доллар (15 миллиарду 536 миллион сомонӣ) маҳсулоти санъатии тавлидшуда, ки ҳудуди як дувуми қарзи хориҷии ин кишвар аст.

Гуфта мешавад, ки саронаи қарзи хориҷии Тоҷикистон барои ҷамъияти 9 миллиону 300 ҳазорнафарии ин кишвар 330 доллар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои солҳои 2020 то 2022 як миллиард доллар вом аз хориҷ дарёфт кунад.

 

Барчасп