Марҳалаи ниҳоии Ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57129-Марҳалаи_ниҳоии_Ҷашнвораи_дӯстии_ҷавонон_ва_варзишкорон_дар_Душанбе
Марҳалаи ниҳоии Ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорон дар Душанбе дар ҳоли баргузорӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 05, 2020 03:32 Asia/Dushanbe
  • Марҳалаи ниҳоии Ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорон дар Душанбе

Марҳалаи ниҳоии Ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорон дар Душанбе дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши шаҳрдории Душанбе, ин ҷашнвора бо унвони “Зебоӣ, хирад ва қудрат дар варзиш аст” дар ҳоли баргузорӣ аст.

Осим Муродзода, коршиноси идораи ҷавонон ва варзиши шаҳрдории Душанбе гуфт, марҳалаи дувуми ҷашнвора аз 3 то 13 сентябр бо ширкати афроди бартари марҳалаи муқаддамотӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ӯ афзуд, ҳадаф аз ин ҷашнвора истифодаи беҳтар аз имконоти варзишӣ ва тарвиҷи сабки зиндагии солим аст.

 Ба афроди бартари марҳалаи ниҳоӣ лавҳи сипос ва нишони мусобиқот эҳдо хоҳад шуд.