Сентябр 05, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Коргоҳи тавлиди қатаоти худрав дар Кӯлоб сохта мешавад

Тафоҳумномаи эҳдоси аввалин корхонаи тавлиди қатаоти худрав дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб имзо шуд.

Ба гузориши сомон6аи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин тавофуқнома байни мудирони минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"ва "Тоҷик Алмос" имзо шуд.

"Тоҷик Алмос" қасд дорад корхонаеро барои тавлиди қатаоти худрав дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб эҳдос кунад.

Ин корхона дар масоҳати 1гектор сохта хоҳад шуд ва қарор аст дар марҳалаи аввал филтари ҳавои худрав тавлид кунад.

Бино ба навиштаи манбаъ, бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобил дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар майдони 1 гектар ба нақша гирифташуда, дар марҳилаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои (филтерҳои) намудҳои гуногун (ҳавоӣ ва равғанӣ) барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.

Корхонаи мазкур пурра бо технологияи нави ҳозиразамон бо шароити замонавӣ бунёд гардида, арзиши умумии он зиёда аз 1,5 млн. сомониро ташкил дода, дар муддати 1 - 1,5 сол мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар он зиёда аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва музди меҳнати доимӣ таъмин карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" дар майдони 309 гектар замин соли 2019 таъсис дода шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дода мешавад.

Суғд, Данғара, Панҷ, Ишкошим ва Кӯлоб 5 минтқаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳастанд.