Сентябр 05, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон: 260 ҳазор имзо ҷамъ кардаем

Раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11 октябри имсол аз ҷамъоварии 260 ҳазор имзо барои сабти номи хеш хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Рустами Латифизода гуфтааст, ки ҳизбаш  муваффақ ба ҷамъоварии 260 ҳазор имзои  мавриди ниёз барои сабти ному ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр шудааст .
Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар конгресси ҳизбии хеш дар рӯзи 15 август  Рустами Латифизода  раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузориро барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр пешниҳод кард .
Акнун Эмомали  Раҳмон аз ҳизби халқии Демократӣ , Рустами Латифизода аз ҳизби кишоварзӣ , Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳизби Демократ , Абдуҳалим Абдуғаффор аз ҳизби сотсиалист , Рустами Раҳматзода аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев аз ҳизби коммунист ба унвони номзадҳои ин аҳзоб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр пешниҳод шудаанд .
Номзадии Меъроҷи Абдуллоев  раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи шанбеи панҷуми сентябр дар конгресси ин ҳизб эълом шуд .
Абдуллоев ҳуқуқдони 72 солаи куҳансолтарин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст .
 нуктаи қобили мулоҳиза ӣн аст ки ба ғайр аз имоми алии раҳмони бақияи номзадҳо намояндаи маҷлиси қонӯнгузорӣ Тоҷикистон мебошанд .

Барчасп