Нуктаҳои коронаӣ, ки донишомӯзон бояд дар мактаб риоя кунанд
Ҳангоми ҳамагирии корона, донишомӯзон бояд бархе нукоти беҳдоштиро риоя намуда, ба мактаб раванд, то занҷири интиқоли вирусро қатъ кунанд.
Шустушӯи дастҳо
Донишомӯзон дастони худро қабл аз вуруд ба мадриса ва ҳамчунин қабл ва баъд аз поёни ҳар дарс ба муддати як дақиқа бо обу собун бишӯянд .
Истифода аз ниқоб ва дасткаш
Тавсия мешавад барои қатъи занҷираи интиқоли вирус тамоми кадри мактаб аз қабили мудир, нозим , муаллим , донишомӯз ҳатман аз ниқоб ва дасткаш истифода кунанд то шанси ибтило ба вируси корона ба ҳаддиақал бирасад. Пас аз истифода аз ниқобу дасткаш низ ҳатман онҳоро дар ба халтаи полиэтиленӣ андохта, ба сатили зубола бияндозанд .
Ба ҳамроҳ доштани бутрии об
Донишомӯзон дар сурати эҳсоси ташнагӣ ба ҳеҷ унвон набояд аз обхӯрии мадорис истифода кунанд ва лозим аст ҳар донишомӯз бутрии оби шахсӣ ба ҳамроҳ дошта бошад .
Риояти фосилаи бехатарии иҷтимоӣ
Донишомӯзон бояд қонуни фосилагузории иҷтимоиро риоят карда ва ҳаддиақал якуним то ду метр аз якдигар фосила дошта бошанд .
Истифода аз лавозиму-таҳрири шахсӣ (канселярӣ)
Ба донишомӯзон тавсия мешавад аз лавозими таҳрири шахсии худ истифода кунанду аз дигарон абзоре қарз нагиранд .
Ҳамчунин тавсия мешавад тамоми панҷараҳо ва дарҳои синф боз бошад то ҷараёни ҳаво дар дохили синф аз мубтало шудани афрод ба вируси корона ҷилавгирӣ кунад .