Сентябр 06, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Замони бозгашти донишҷӯёни хориҷӣ ба Русия мушаххас нест

Вазири улум ва омузиши олии Русия эълом кард, ки замони бозгашти донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои Русия мушаххас нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомона РИА Новостӣ, Валерӣ Фолков гуфтааст, ки аз ҳама бештар донишҷӯёни узбакистонӣ, тоҷикистонӣ, қазоқистонӣ ва қирғизистонӣ талош мекунанд, ки ҳар чи зудтар ба Русия бозгарданд.

Вай далели то ба ҳол ворид нашудани ин афрод ба Русияро баста будани марзҳои хориҷии ин кишварҳо унвон кард.

Вазири улум ва омузиши олии Русия ҳамчунин таъкид кард, ки ба далели густариши вируси корона бархе аз доншгоҳҳои Русия омодаи пазириши донишҷӯёни хориҷӣ нестанд зеро бар асоси тасмими ҳукумати Русия донишҷӯёни хориҷӣ ба маҳзи вуруд ба ин кишвар бояд 14 рӯз карантин шаванд, ки дар хобгоҳҳо чунин имкон вуҷуд надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Душанбе дархост кардааст, ки заминаи сафари 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро фароҳам созад. Ин донишҷӯён ба далели густариши вируси корона ва набуди парвоз миёни Тоҷикистон ва Русия акнун дар кишвари хеш гирифтор шуда ва мунтазири судури муҷавизи сафар ба Русия мебошанд.

 

Барчасп