Нигоҳе ба аҳвол ва осори шодравон Ҷурабек Назрӣ дар шабакаи Ойфилм2
(last modified Mon, 07 Sep 2020 06:43:34 GMT )
Сентябр 07, 2020 11:43 Asia/Dushanbe

Дар барномаи ин ҳафтаи Панҷара аз шабакаи Ойфилм2, ки шабакаҳое барои мухотабони тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ аст, осори илмӣ ва ҳунарии шодравон Ҷурабек Назрӣ муаррифӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, барномаи «Панҷараи Ойфилм»- як барномаи таомулӣ вижаи иртибот бо мухотабони шабакаи Ойфилм2 аст, ки рӯзҳои якшанбе, сешанбе, панҷшанбе ва ҷумъа соати 21:45 ба вақти Теҳрон ва 22:15 дақиқа ба вақти Тоҷикистон аз ин шабакаи эронӣ нашр мешавад.

Гардонандагони барномаи «Панҷараи Ойфилм» ҳар ҳафта ба сӯроғи яке аз ҳунармандони саршиноси форсизабон рафта ва ба муаррифии онҳо мепардозанд, ки барномаи ин ҳафта ба муаррифии устоди зиндаёд Ҷурабек Назрӣ- ҳунарманд ва овозхони маъруфи тоҷикистонӣ пардохт.

Ин донишманд ва ҳунарманди саршиноси тоҷик моҳи майи гузашта бар асари мубтало шудан ба КОВИД-19 даргузашт.