Тоҷикистон: Мондани пойи орд дар кафши гаронӣ
Қимати орд дар Тоҷикистон бо вуҷуди бардошти 773 ҳазор тон гандум аз заминҳои кишоварзӣ, ҳамчунон болост.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, қимати ҳар киса орди 50 килоии тавлиди дохил дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамакнун 245 сомонӣ (муодили 23 доллар) ва орди Қазоқистон 250 сомонӣ (муодили 25 доллар) аст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл 170 сомонӣ буд.
Бар асоси гузориши Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон, дар шаш моҳи нахусти имсол аз хориҷ, бавижа Қазоқистон 531 ҳазор тон гандум ба арзиши 130 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 19 дарсад камтар аст.
Ин дар ҳоле аст, ки орд муҳимтарин маҳсул дар сабади ғизоии мардуми Тоҷикистон аст ва бар асоси бароварди коршиносон як хонаводаи шашнафарӣ дар моҳ ниёз ба масрафи як киса орди 50 килоӣ дорад.
Аз сӯи дигар, миёнгини маош ва дастмузд дар Тоҷикистон ҳазору 447 сомонӣ (муодили 140 доллар) ва мизони ҳаддиақали маош ва дастмузди моҳона 400 сомонӣ эълом шудааст.