Сентябр 08, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Узбакистон дар роҳи Тоҷикистон

Нахуствазири Узбакистон ба зудӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Абдуллоҳ Орифов нахустин мақоми аршади як кишвари хориҷӣ аст, ки пас аз густариши вируси корона ба Тоҷикистон меояд.

Вай дар ин сафар мактабҳои ҷадид барои 640 хонандагонро дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки бо кумаки молии Узбакистон сохта шудааст, ифтитоҳ хоҳад кард.

Узбакистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳам сохти бемористони 200 кати бемористониро оғоз кардааст.

Созишномаи иҷрои ин тарҳҳо дар сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 имзо шуда буд.

Тоҷикистон низ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон як мактаб барои 640 хонандагонро хоҳад сохт.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст, ки дар ноҳияи Раштони вилояти Фарғонаи Узбакистон мактабҳои ҷадид бисозад.

 

Барчасп