Сентябр 08, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • Табрики Руҳонӣ ба муносибати солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме фаро расидани 29-мин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҳасани Руҳонӣ дар ин паём бо табрик фаро расидани бисту нуҳумин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалии Раҳмон Раиси Ҷумҳурӣ ва миллати ин кишвар иброз умедворӣ кард : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора алоқаманд ба густаришу таҳкими ҳарчӣ бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар тамоми  заминаҳо мебошад .
Вай омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба манзури муқобила ба буҳрони вируси корона ва паёмадҳои он , табодули таҷриба бо тарафи Тоҷикистон ва талош барои таъмини манофеи ду кишвар ва таҳкими амнияту суботи минтақаӣ эълом кард .
Ҳамчунин раисони ҷумҳурии Русия , Озарбойҷон , Олмон , Ӯзбакистон , раисони ҷумҳурии пешину феълии Қазоқистон , Беларус , Амрико , Туркманистон , Покистон , Чин , Кореяи ҷанубӣ ва Қирғизистон фаро расидани солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлату миллати ин кишвар  табрик  гуфтанд .
Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ буд, ки ‏9 сентябри соли 1991‏ эъломи истиқлол кард .