Сентябр 10, 2020 12:00 Asia/Dushanbe
  • Баррасии азсаргирии парвозҳо дар комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон

Дар нишасти комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар шаҳри Душанбе боз кардани марзҳо ва азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

 Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс бо сафари ҳайате аз ҳукумати Узбакистон ба сарпарастии Абдуллоҳ Орифов нахуствазири ин кишвар ба Душанбе дар нишасти комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон мавзӯъи боз кардани марзҳо ва азсаргирии парвозҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

 Сарпарасти ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Қоҳир Расулзода-нахуствазир бар ӯҳда хоҳад дошт.

 Густариши вируси корона мӯҷиб шуд, ки мақомоти ду кишвар тасмим ба бастани марзҳои муштарак ва қатъи парвозҳо дар моҳи март бигиранд.

 Дар нишасти Душанбе дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, обу энергӣ, сармоягузориҳои муштарак ва тиҷорати марзӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

 Ҳамчунин бар сари мизон ва нархи гази содиротии Узбакистон ба Тоҷикистон ва интиқоли барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барои соли 2021 низ тавофуқ хоҳад шуд.

  Тоҷикистон дар соли 2019 ба Узбакистон беш аз як миллиарду 425 миллион киловатт соат барқ ба арзиши молии 28 миллиону 500 ҳазор доллар содир кард, ки қимати ҳар киловатт соат барқ ду сент буд.

 Узбакистон низ дар соли 2019 ба Тоҷикистон 140 миллион метр мукааб гази табиӣ ба арзиши 17 миллиону 700 ҳазор доллар содир кардааст.

 

Барчасп