Ҳукумати Тоҷикистон ба думболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқ
(last modified Thu, 10 Sep 2020 07:38:42 GMT )
Сентябр 10, 2020 12:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон ба думболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқ

Ҳукумати Тоҷикистон музокира бо ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаиро барои ҷазби манбаъҳои молии мавриди ниёз дар барномаи насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқ оғоз кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ҳукумати Тоҷикистон музокира бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ва чанд ниҳоди молии байналмилалии дигарро оғоз кардааст.

 Дар Тоҷикистон як миллиону 600 дастгоҳи  ҳисобкунакҳои барқ вуҷуд дорад, ки бояд дар марҳилаи нахуст 50 дарсади таҷҳизот иваз шавад.

 То ба ҳол Бонки рушди Осиё барои ин барнома 130 миллион доллар кумаки ройгони молӣ ихтисос додааст.

 Мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик мегӯянд, ки аз ҳисоби насби ҳисобкунакҳои  ҳушманди барқ дар вилояти Суғд ва бархе аз ноҳияҳои марказии ин кишвар аз исрофи беш аз 19 дарсад барқ ҷилавгирӣ кардаанд.

 Бар асоси муқаррарот, муштаракони барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ маблағи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии Барқи Тоҷик пардохт кунанд ва интиқоли барқ ба манзилҳои маскунӣ фақат бо доштани корти вежаи пардохти ҳазинаи хадамот имконпазир хоҳад буд.

 Агар муштариён сари вақт барои пардохти маблағи барқи масрафӣ иқдом накунанд, тайи 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ карда мешавад.