Тоҷикистон иқдоми террористӣ дар Кобулро маҳкум кард
(last modified Thu, 10 Sep 2020 11:09:00 GMT )
Сентябр 10, 2020 16:09 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон иқдоми террористӣ дар Кобулро маҳкум кард

Давлати Тоҷикистон дар баёнияе иқдоми террористӣ алайҳи муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард.  

Ба гузориши ИРНА, дар ин баёния омадааст: «Давлати Тоҷикистон иқдоми нангини террористие, ки дирӯз дар Кобул алайҳи Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон сурат гирифт ва дар натиҷаи он шуморе аз мардум кушта ва захмӣ шудандро ба шиддат маҳкум мекунад.»

Давлати Тоҷикистон дар ин баёния ба хешовандон ва бастагони қурбониёни ин иқдоми террористӣ, таслият гуфта ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзӯ кардааст.

Ин баёния меафзояд: «Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо терроризм ҳамеша дар канори Афғонистон буда ва хоҳони барқарории сулҳ ва оромиши пойдор дар ин кишвари ҳамҷавор аст.»

Рӯзи чоршанбе дар инфиҷор дар масири ҳаракати корвони Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисиҷумҳури Афғонистон дар Кобул, дастикам 10 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд.