Октябр 10, 2016 10:27 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми тоза ба як зиндонии тоҷик дар Русия

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Свердловскийи Русия алайҳи як шаҳрванди тоҷики зиндонӣ ба иттиҳоми таблиғи ифротигарӣ ва ташвиқи зиндониён барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ парвандаи ҷадиди ҷиноӣ ташкил додаанд.

Ба иттилои Toptj, Александр Левченко, сухангуи Идораи зиндонҳои вилояти Свердловскийи Русия гуфтааст, ки Дилшод Ризвонов, шаҳрванди 38 солаи Тоҷикистон давраи маҳкумияти 12 солаи худ ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддирро ба поён расондааст ва қарор буд, тобистони имсол озод шавад .

Левченко афзуд: Бо ин ҳол бозрасони полиси маҳаллӣ алайҳи вай ба иттиҳоми таблиғи ифротигарӣ ва ташвиқи зиндониён барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ парвандаи ҷиноии ҷадиде ташкил додаанд, ки додгоҳ 24-и октябр ба ин парванда расидагӣ хоҳад кард .

Ин дар ҳолест, ки Александр, вакили мудофеи маҳаллӣ ва фаъоли Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар минтақаи Урали Русия мегӯяд, ки ин дуввумин бор аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз поёни давраи маҳкумияти худ ба иттиҳомоти тоза боз ҳам ба зиндон маҳкум мешаванд .

Соколов афзуд: Дар соли 2015 низ Илҳом Авазов, аз атбои Тоҷикистон дар поёни давраи маҳкумияташ ба иттиҳоми ифротигарӣ ба як солу ними зиндон маҳкум шуд .

Ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ муғризона будани ин иттиҳомотро рад кард ва дар айни ҳол гуфт: Бозрасҳо маъмулан аз афроди дар остонаи озодӣ мехоҳанд, ки иттилоотеро аз ҳамзиндониҳои худ дар ихтиёри онон қарор диҳанд ва дар сурати радди ин дархост алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноии ҷадид ташкил мешавад .

Соколов аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷик дархости кумак кардааст, то ба қазияи Дилшод Ризвонов расидагӣ шавад .

Идораи зиндонҳои минтақаи Урали Русия эълом кардааст, ки дар зиндонҳои вилоятҳои  Свердловский ва Челябинск беш аз 2 ҳазору 500 зиндонии хориҷӣ давраи маҳкумияти хешро сипарӣ мекунанд, ки бештари онон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд .