Сентябр 12, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Афғонистон бар тақвияти муносибот

Дар дидорҳои Раиси кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо мақомҳои Афғонистон бар беҳбудии муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Сайидмӯъмин Ятимов дар мулоқот бо мақомоти Афғонистон дар бораи муносиботи дуҷонибаи судманд , амнияти ду кишвар , ҳифозат аз марзҳои давлатӣ , мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи аслаҳа ва маводи мухаддир , ҳамчунин амнияти иртибототӣ ва тарҳҳои энержию иқтисодӣ баҳс ва табодул кард .
Дар ин дидорҳо ду тараф таъкид карданд ду кишвари дӯсту бародар , ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаи ҳамгаройӣ ҳастанд, то муносиботро дар ҷаҳоти сиёсӣ , иқтисодӣ , фарҳангӣу амниятии тақвияту аз ӣн тариқ ба сулҳу суботу оромиш дар минтақа мусоидат кунанд .
Дар ҷараёни мулоқотҳо инчунин таъкид гардид, ки хотима ёфтани ҷанг дар Афғонистон ва пешгирии фаъолияти баъзе ҷонибҳои манфиатдори сиёсӣ тавассути истифодаи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ аз муҳимтарин омилҳои таъмини амният мебошанд.
Бар асоси тавофуқҳои ин сафар , қарор шуд боздиди ҳайатҳои ду тараф ба таври муназзам барқарор бошаду марзи тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон ба марзи амнияту дӯстӣ ва созандагӣ табдил шавад .

Барчасп