Июл 24, 2016 09:41 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаҳои омӯзишӣ

Мақомоти вазоратҳои улум ва омӯзиши Русия ва Тоҷикистон дар Маскав мавзӯи ҳамкориҳои ин ду кишвар, дар заминаҳои омӯзиширо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сойти Авесто, дар дидори Венёмин Когонов ва Раҳматуллоҳ Мирбобоев-муовинҳои вазорати улум ва омӯзиши Русия ва Тоҷикистон дар Маскав роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишии ин ду кишвар баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор бар зарурати омӯзиши устодони забони русӣ барои марокизи донишгоҳӣ ва мадориси давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи беҳбуди кайфияти тадриси забони русӣ дар марокизи омӯзишии ин кишвар таъкид шуд. Тарафҳо аз фаъолияти шуъбаҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, ки теъдоди зиёде мутахасиссини мавриди ниёзи ин кишварро тарбият кардааст, ибрози ризоят намуданд. Ҳамчунин дар ин дидор дар бораи вазъи омӯзишӣ ва маишатии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ва расидагӣ ба мушкилоти ин афрод, баҳс ва табодули назар шуд. Ду тараф ба ин натиҷа расиданд, ки барои густариши ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар замининаҳои илмӣ ва омӯзишӣ бояд нақшаи роҳи ҷадид таҳия шавад.